Сокини Деваштич барои қатли шавҳари ҳамсари собиқаш боздошт шуд

Сокини Деваштич барои қатли шавҳари ҳамсари собиқаш боздошт шуд

Як сокини деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) бо гумони куштори ҳамдеҳааш боздошт шудааст. Фаттоҳ Шодиев бо гумони куштори шавҳари зане, ки дар гузашта ҳамсари ӯ будааст, дар боздоштгоҳи муваққатии Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Деваштич нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти маҳаллӣ дар Деваштич ба Радиои Озодӣ рӯзи 14 июл гуфтанд, ки куштор рӯзи 12 июл бо истифода аз силоҳ рух додааст. Хабари кушторро дар раёсати умури дохилии вилояти Суғд ҳам ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда гуфтанд, ки ин қазия таҳқиқ хоҳад шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Нарзулло Бобоев, як корманди ҷамоати деҳаи Далёни поён рӯзи 14 июл ба Радиои Озодӣ гуфт ин ҳодиса шабонгоҳ рух додааст. Фарзияи пешакӣ ин аст, ки Фаттоҳ Шодиеви 33-сола, ки аз ҳамсараш хеле пештар ҷудо шуда буд, баъди шунидани издивоҷи нави ҳамсари собиқаш шавҳари ӯ Шавкат Фозилов, корманди собиқи милисаро ба ҳалокат расондааст. Вай гуфт, ки ин ҳодиса тамоми деҳаро такон дод. Ба гуфтаи Бобоев, Фаттоҳ Шодиев бо сабаби наёфтани фарзанд аз ҳамсараш ҷудо шуда буд.

Рӯзи 12-уми июл ҳамдеҳагон ҷасади Фозиловро ба хок супурданд. Шавкат Фозилов баъди хатми донишгоҳи омӯзгорӣ дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия дар бахши ҳамкорӣ бо афтол кор карда чор соли пеш аз кор рафтааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Вазорат гуфт, занозании муҳоҷирони тоҷику қирғизро "зери назорат доранд"

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми март хабар дод, ки қазияи занозании муҳоҷирони тоҷику қирғизро дар Русия зери назорат доранд.

Ҷанҷоли гуруҳӣ 8-9-уми марти имсол дар корхонаи коркарди гази Амур ва Маҷмаи гази кимиёвии Амур рӯй додааст.

Вазорат мегӯяд, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, низ дар ин замина ба ҳамтои русаш нома фиристода, хостааст, қазияро саривақт тафтиш карда, таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд.

"Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ҳудуди ИДМ вазифадор карда шуд, бо ҳамтоёни худ дар Русия дар иртибот бошад ва ба рафти тафтишот ёрӣ расонад," -- гуфта шудааст дар хабари ВКД.

Дар гузашта низ байни муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бар сари кору пул муноқиша сар задааст, вале ҳодисаи охирро дар пасманзари ҷанҷолҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон нигаронкунанда медонанд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Эътирозҳо дар Русия алайҳи ҳамла ба Украина

Рӯзи 13-уми март дар бисёре аз гӯшаҳои Русия алайҳи ҳамлаи бесабаби Маскав бар Украина тазоҳурот карданд.

Ба иттилои “ОВД-инфо”, дар 37 шаҳру минтақаи Русия 745 кас дастгир шудаанд. Манбаъ меафзояд, дастикам 353 нафарро дар Маскав боздошт карданд.

Нерӯҳои Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла карданд.

Маскав онро амалиёти вижаи низомӣ медонад. Киев ва кишварҳои ғарбӣ таҷовуз ба хоки Украина медонанд ва ба зидди Русия таҳримҳои шадид ҷорӣ кардаанд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Шоҳидон: Ҷасади сарбозони русро ба Беларус мебаранд

Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади сарбозони Русияро, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, дар сардхонаҳои Беларус ҷой мекунанд.

Ба нақли онҳо, ҷасадҳоро бо мошинҳои боркаш ба сардхонаҳо оварда, сипас, тавассути қатор (поезд) ё ҳавопаймо ба Русия мефиристанд.

Чанде аз сокинони маҳаллӣ бор кардани ҷасадҳоро дар Мозир (шаҳре дар минтақаи Гомел, наздик ба сарҳади Украина) шоҳид шудаанд.

Ба пизишкони Беларус таҳдид шудааст, ки агар дар бораи сарбозони кушташуда ва захмии Русия маълумот паҳн кунанд, аз кор маҳрум хоҳанд шуд.

Мақомоти амрикоӣ тахмин мезананд, ки дар ҷанги Украина чанд ҳазор сарбози Русия кушта шудаанд. Вазорати дифои Русия ҳафтаи гузашта ҳалокати тақрибан панҷсад сарбозу афсари худро тасдиқ кард.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Дар ду моҳ дар Яман 47 кӯдак "кушта ё маъюб" шудаанд

UNICEF ё Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар пайи афзоиши хушунатҳо дар Яман асосан кӯдакон ҷабр мекашанд.

Филип Дуамел, намояндаи UNICEF дар Яман, рӯзи 12-уми март гуфт, "хушунат имсол афзоиш ёфт ва чун ҳамеша кӯдакон аввал ва бештар осеб мебинанд."

"Танҳо дар моҳҳои январ ва феврали имсол 47 кӯдак дар чанд гӯшаи Яман кушта ё маъюб шудаанд," -- афзуд Дуамел.

Вай аз ҳама ҷонибҳои ҷанг дар Яман ва пуштибонҳояшон даъват кард, ки шаҳрвандони осоишта, бахусус кӯдаконро, ки "амнияту некӯаҳволияшон бояд ҳамеша таъмин бошад", муҳофизат кунанд.

Дуамел гуфт, ҷанг дар 7 соли охир 10 ҳазору 200 кӯдакро кушта ё захмӣ кардааст ва афзуд, ин рақам метавонад аз ин ҳам бештар бошад.

Даргириҳо дар Яман яке аз бадтарин буҳрони башариро дар ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед (1)

Гузоришҳо: Рӯзноманигори амрикоӣ дар шимоли Киев кушта шуд

Бино ба гузориши расонаҳо, як рӯзноманигори амрикоӣ дар Ирпин, шимоли шаҳри Киев, кушта шуда, як нафари дигар захм бардоштааст. Хабарнигорони "Франс-Пресс" дар Ирпин ҷасадеро диданд, ки ӯ Брент Рено, аксбардор ва филмсоз муаррифӣ шуд. Шахсе, ки дар нашрияи "The New York Times" кор мекард. Масъули нашрия дар Твиттер навишт, "аз хабари марги Брент Рено андӯҳгинанд", вале илова кард, ки ӯ дар Украина барои онҳо кор намекард.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Дуда гуфт, ки "хатти сурх" байни Русия ва НАТО кадом аст

Раисҷумҳури Лаҳистон (Полша) гуфт, ки агар Русия дар Украина аз силоҳи кимиёӣ истифода кунад, НАТО бояд дар бораи чӣ гуна посух додан ба таври ҷиддӣ андеша кунад.

Анджей Дуда 13-уми март дар суҳбат ба Би-Би-Сӣ ва дар посух ба ин суол, ки оё истифодаи силоҳи кимиёӣ аз ҷониби президенти Русия, Владимир Путин, дар Украина барои НАТО як хатти сурх хоҳад буд, гуфт: "Албатта, Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва раҳбарони он бояд сари миз нишинанд ва воқеан ҷиддӣ фикр кунанд, ки чӣ кор бояд кард. Зеро он гоҳ хатарнок мешавад."

Изҳороти ӯ пас аз он садо дод, ки дабири кулли НАТО ба рӯзномаи олмонии “Welt am Sonntag” гуфт, Русия метавонад дар Украина аз силоҳи кимиёӣ истифода кунад ва чунин иқдом ҷинояти ҷангӣ хоҳад буд.

Йенс Столтенберг дар идома афзудааст, ҳуҷуми Русия бар Украина ба ҳеч ваҷҳ қобили тавҷеҳ нест.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Ба консулгарии Амрико дар Ироқ ҳамла шуд, Эрон ба уҳда гирифт

Ба шаҳри Ирбил, шимоли Ироқ, чанд мушак партофтаанд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, мушакҳо аз тарафи Эрон партоб шуданд. Дертар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт.

Вазорати корҳои дохилии Курдистон рӯзи 13-уми март гуфт, беш аз даҳ мушаки баллистикӣ бинои нави консулгарии Амрико ва минтақаи наздик ба онро нишон гирифт.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, ҳамлаи ракетӣ осеби молӣ расонда, як касро захмӣ кард.

Як сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳамларо "золимона" хонд ва гуфт, ба ҳеч амрикоӣ ва иншооти Амрико дар Ирбил осебе нарасидааст.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Бозиҳои санҷишии мунтахаби Тоҷикистон бо Кувайт, Урдун ва Афғонистон

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Туркия ҷамъомади таълимию тамринӣ баргузор хоҳад кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомаде, ки дар шаҳриАнталия аз 19-ум то 31-уми март доир мегардад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Аввалин бозии санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик 23-юми март муқобили мунтахаби олимпии Кувайт (U-23) баргузор хоҳад шуд. Бозии дуюми мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Анталия 26-уми март бо ҳамсолонашон аз Урдун доир мегардад. Дар бозии сеюми санҷишӣ ҳарифи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) тими миллии Афғонистон хоҳад буд. Ин бозӣ 29-уми март сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, ба гурӯҳи «D» дохил аст. Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик дастаҳои мунтахаби олимпии Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷопон мебошанд.

Бозиҳои санҷишӣ:

23-юми март (чоршанбе)

Тоҷикистон (U-23) – Кувайт (U-23)

26-уми март (шанбе)

Тоҷикистон (U-23) – Урдун (U-23)

29-уми март (сешанбе)

Тоҷикистон (U-23) – Мунтахаби миллии Афғонистон.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед (1)

Як кушта ва ҳафт захмӣ дар ҳамла ба Черниҳов

Мақомоти Украина гуфтанд, рӯзи 13-уми март, дар пайи ҳамлаи мушакии Русия ба як хонаи баландошёна дар Черниҳов як нафар кушта ва ҳафт кас захмӣ шуданд. Шаҳр дар шимолу шарқи Украина ҷойгир аст ва борҳо мавриди ҳамлаҳои Русия қарор гирифтааст.

Артиши Русия 13-уми март ба як пойгоҳи низомии Украина дар наздикии марз бо Лаҳистон (Полша) низ ҳашт мушак партофтааст.

Бино ба маълумоти ибтидоӣ, "талафот нест", вале Антон Миронович, сухангӯйи Академияи нерӯҳои хушкигарди нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба хабаргузории "Интерфакс-Украина" гуфтааст, маълумотро дар бораи захмиён мушаххас мекунанд.

Ин иншоот дар масофаи камтар аз 25 километр аз сарҳади Лаҳистон ҷойгир буда, яке аз пойгоҳҳои бузургтарин дар ғарби Украина ба шумор меравад. Украина аксар машқҳои низомии худро бо кишварҳои НАТО дар он ҷо мегузаронд.

Ҷанг дар Украина 18 рӯз боз ҷараён дорад. Маскав мегӯяд, амалиёти вижаи низомӣ баргузор мекунад, Киев ва кишварҳои ғарбӣ таҷовуз ба хоки Украина медонанд ва алайҳи Русия таҳримҳои шадид ҷорӣ кардаанд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Дар Арабистони Саудӣ 81 касро эъдом карданд

Арабистони Саудӣ мегӯяд, 81 зиндонӣ, аз ҷумла шахсонеро, ки ба қатл маҳкум шуда ё ба гуруҳҳои ниманизомӣ тааллуқ доштанд, эъдом кардааст.

Хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ рӯзи 12-уми март гуфт, ба ин гуруҳ аъзои “Ал-Қоида”, ДОИШ ва ҳусиҳо низ шомиланд.

Бар асоси хабаргузории давлатии Арабистон, ин афрод ба гуноҳи тарҳрезии ҳамлаҳо бар иншооти ҳаётан муҳим ва қочоқи аслиҳа ба ин кишвар маҳкум шуда буданд.

Ин бузургтарин эъдоми дастҷамъӣ дар солҳои охир дар Арабистони Саудӣ будааст.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Роҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракат боз шудааст

Ширкати муттасадии нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ эълон кард, ки ин роҳи ҳаётӣ, ки шимолу маркази Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, дигарбора барои ҳаракати нақлиёт боз шудааст. Чанд қитъаи роҳи мазкур аз рӯзи панҷшанбе 10-уми март ба сабаби тарма ва барфи зиёд баста буд ва мардуми зиёде ҳам дар ду тарафи роҳ дармонда буданд.

Ширкати “Innovation Road Solution” рӯзи 12-уми март дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки “роҳи Душанбе - Чаноқ аз барфу тарма пок шуда ва “ҳаракати тамоми намуди нақлиёт имконпазир гардид.” Чанд соат баъд аз ин эълон ширкат ҳамчунин хабар дод, ки фаромадани тарма ҳамчунон идома дорад ва гоҳо мумкин аст, ҳаракати нақлиётро манъ кунанд.

Роҳи Душанбе-Чанок, ки аксаран аз байни куҳҳо мегузарад, ягона роҳи толлингӣ ва ё пулакӣ дар Тоҷикистон аст ва ба сабаби тармаву барфи зиёд дар зимистон баста мешавад. Қатъи ҳаракат дар ин роҳ барои онҳое, ки аз вилояти Суғд ба Душанбе ва баръакс мераванд, мушкилоти зиёде меофарад ва барномаҳои зиндагии теъдодеро ба ҳам мезанад. Ронандагону мусофирон аз мутасаддии нигоҳубини роҳ шикоят мекунанд, ки корашро дуруст ва ба таври муносиб анҷом намедиҳад.

Фаронса гуфт, Путин майле барои хатми ҷанг дар Украина нишон надод

Дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса гуфт, дар суҳбати телефонӣ байни раҳбарони Фаронсаву Олмон бо раиси ҷумҳур Владимир Путин ӯ ҳеч майле барои поён додан ба таҷовуз дар қаламрави Украина нишон надодааст.

Раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ва Олаф Шолтз, садри аъзами Олмон ки бо вуҷуди ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар ду ҳафтаи пеш, гуфтугу бо Владимир Путинро идома медиҳанд, дар ин суҳбати рӯзи 12-уми март дигарбора аз ӯ хостаанд, билофосила оташбас эълон кунад.

Бино ба гузоришҳо, Эммануэл Макрон раиси ҷумҳури Русияро, ки гуфтааст, неруҳои украинӣ ҳуқуқи инсонро зери по мекунанд, ба дурӯғгуӣ муттаҳам намудааст. Неруҳои Русия пас аз эълони ҷанги Владимир Путин дар рӯзи 24-уми феврал, ба бомборони Украина шуруъ карданд ва аз ҷумла ба муассисаҳои ғайринизомӣ ба мисли таваллудхонаву биноҳои истиқоматӣ зарба зада, боиси марги мардуми ғайринизомӣ шудаанд. Айни замон

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки аз оғози ҷанг то кунун тақрибан 1300 сарбози кишвараш талаф ёфтаанд. Талафот дар байни сарбозони рус чанд ҳазор тахмин зада мешавад.

Украина мегӯяд, неруҳои Русия ба масҷиде зарба задаанд

Вазорати умури хориҷии Украина гуфт, неруҳои Русия ба як масҷиде дар шаҳри Мариупол зарба задаанд, ки дар он 80 нафар аз ҷумла кӯдакон ва шаҳрвандони Туркия паноҳ мебаранд.

Вазорат дар ин бора рӯзи 12-уми март хабар дод. Мақомоти Украина неруҳои Русияро ба ҳамла аз тӯпхона ба роҳҳое муттаҳам мекунанд, ки аз он роҳҳо мардумро ба ҷойҳои амн мебаранд. Онҳо мегӯянд, неруҳои Русия намегузоранд, ки ғайринизомиён аз ин шаҳри 430 000 нафарӣ берун раванд.

Вазорати умури хориҷии Украина дар Твиттер навишт, ки “Масҷиди Султон Сулаймони бузург ва ҳамсараҳ Хуррам Султон дар шаҳри Мариупол аз тарафи таҷовузгарон тирборон шудааст. Дар инҷо бештар аз 80 кӯдаку калонсол аз тирандозӣ пинҳон шудаанд, аз ҷумла шаҳрвандони Туркия.” Вазорат нагуфтааст, касе дар ин ҳамлаҳо кушта ва маҷруҳ шудааст, ё не.

Ҳинд гуфт, нохоста ба Покистон мушак партоб кардааст

Мақомоти Ҳинд гуфтанд, ки тасодуфан ба хоки Покистон як мушак партоб кардаанд ва аз ин рӯ дастур додаанд, ки ин ҳодиса дар сатҳи боло таҳқиқ шавад.

Вазорати дифои Ҳинд рӯзи 11-уми март дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Рӯзи 9-уми марти соли 2022 ҳангоми муоинаҳои маъмулӣ, нуқси фаннӣ сабаби партоби тасодуфии мушак шуд.”

Дар баёния омадааст, ки ҳукумати Ҳинд, “масъаларо ҷиддӣ гирифт ва амр дод, ки он дар сатҳи баланд таҳқиқ шавад.” Пештар аз ин дар рӯзи 11-уми март, вазорати умури хориҷии Покистон гуфт, ки бо даъвати кордори сафорати Ҳинд ба вазорат ба ӯ эътирози Покистон барои нақзи бедалели қаламрави ҳавоии кишварро расонидааст.

Покистон хостааст, ки ҳодиса таҳқиқ шавад, чун ба қавли ин кишвар мушак метавонист, ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ ва ҷони мусофиронро дар хатар гузорад. Бобур Ифтихор, як сухангӯи артиши Покистон рӯзи 10-уми март гуфт, ки мушак дар наздикии шаҳри Миён Чону суқут кардааст ва ҷойи партобаш шаҳри Сарса дар наздии Деҳлӣ будааст.

Азбаски Ҳинду Покистон ду рақиби мусаллаҳ бо бомби атомӣ ҳастанд ва се бор бо ҳам ҷангидаанд, коршиносони низомӣ мегӯянд, чунин ҳодисаҳо метавонад, сабаби муҳосиботи нодуруст ва оқибатҳои бад шавад.

Дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон "танаффус" эълон карданд

Масъули сиёсатгузориҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки матни ниҳоиии мувофиқатнома барои эҳёи созиши атомӣ байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ “асосан омода ва рӯи миз аст”, вале ба сабаби “омилҳои берунӣ” ниёзе ба таваққуф дар гуфтугуҳо аст.

Ҳафтаи гузашта Русия талаб кард, ки замонат дода шавад, ки таҳримоти ғарбӣ ба зидди Русия ба сабаби ҷанг дар Украина монеи ҳамкориҳои иқтисодиву низомии Эрону Русия намешавад. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ, ин талабро рад карда гуфтанд, ки таҳримот ҳеч иртиботе ба эҳёи созиши атомӣ бо Эрон надорад.

Ҷозеп Боррел рӯзи 11-уми март дар Твиттер навишт: “Ба ҳайси ҳамоҳангсоз ман ва гуруҳи ман бо тамоми тарафҳои созиши атомӣ ва Амрико дар иртибот мемонем, то вазъи ҳозираро паси сар карда ва созишро бубандем.” Сайид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар Твиттер навишт, ки Теҳрон ба таваққуф дар музокирот ризоият додааст, ки то “фурсат барои масоили ҳалношуда ва бозгашти охир” бирасад.

Нед Прайс, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 10-уми март гуфт, ки баъзе аз масоиле мондааст, ки бояд ҳал шавад, ки ин ишорае ба он аст, ки мавзеъгирии Русия танҳо монеае нест, ки бояд барои расидан ба созиши ниҳоӣ аз байн бардошта шавад.

Дар Туркманистон интихоботи президентӣ идома дорад.

Дар Туркманистон интихоботи зудраси раиси ҷумҳур идома дорад, ки онро як расмиёте барои супурдани қудрат аз дасти президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба писараш Сардор медонанд.

Ҳамроҳ бо Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола дар интихобот 8 номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ ҳастанд, ки ҳамаашонро афроди вафодор ба президент медонанд ва рақибони воқеӣ намешуморанд.

Интихобот як моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 64-сола 11-уми феврал ба порлумони Туркманистон гуфт, ният дорад, аз раҳбарии кишвар канор рафта ва мудириятро ба дасти “раҳбарони ҷавон” бисупорад.

Аксарияти шореҳон инро аломате аз омодагии раиси ҷумҳур барои супурдани қудрат ба писараш донистанд, ки моҳи сентябри соли гузашта 40-сола шуд ва ҳақ пайдо кард, ки раиси ҷумҳури Туркманистон шавад. Рӯзе баъд аз эълон, порлумони кишвар ҳам санаи интихоботро таъйин кард.

Рӯзи 15-уми феврал Сардор Бердимуҳаммадов, расман аз номи Ҳизби демократии Туркманистон, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ шуд. Аз замони ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 ба гуфтаи нозирони ғарбӣ, ҳеч яке аз интихоботҳои Туркманистон озоду одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст.

Роскомнадзор истифодаи  Instagram-ро дар Русия номумкин мегардонад

Роскомнадзор - идораи назораткунанда бар расонаҳо дар Русия эълон кард, ки шабакаи Instagram дар ҳудуди Русия баста мешавад. Сабаб, ба гуфтаи ин ниҳод, “даъват ба зӯроварӣ нисбати мардуми рус” будааст. Дар ин бора дар саҳифаи расмии Роскомнадзор хабар дода шудааст. Қаблан Додситонии кулли Русия ҳам талаб карда буд, ки Instagram баста шавад.

"Дар шабакаи иҷтимоии Instagram маводу маълумоти дорои зӯроварӣ ва даъват ба амалҳои табъизомез нисбати шаҳрвандон ва низомиёни Русия нашр мешавад,” - омадааст дар хабарномаи мақомоти Русия.

Додситони кулли Русия ҳамчунин алайҳи шабакаи Facebook ё Meta ба додгоҳ шикоят бурда, хостори он шудааст, ки ин саҳифаи иҷтимоӣ "созмони ифротӣ" эътироф гардад.

Зимнан, Facebook ва Твиттер дар баробари чандин сомонаи дигар аз аввали моҳи март дар ҳудуди Русия баста шудаанд.

Раёсати тафтишотии Русия аллакай нисбати ширкати Meta бо иттиҳоми "даъват ба ифротгароӣ ва мусоидат ба терроризм" парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Сабаб ин буд, ки ширкати Meta дархости Русия барои пок кардани паёмҳое бо мазмуни даъвати “марг ба ишғолгарони рус” аз Instagram ва Facebook-ро рад кард.

Пештар аз ин Ройтерз хабар дод, ки ширкати Meta, соҳиби шабакаи иҷтимоии Facebook ва Instagram, ба истифодабарандагонаш дар бархе аз кишварҳо барои даъват ба зӯроварӣ нисбати низомиёни рус муваққатан иҷоза дод. Ин иттилоъро намояндаи ширкати Мета дар саҳифаи Твиттер тасдиқ кард. Энди Стоун, сухангӯи ширкат аз шиорҳое мисли “Марг ба ишғолшарони рус” мисол оварда гуфт, “сокинони Арманистон, Озарбойҷон, Эстония, Гурҷистон, Русия, Лаҳистон, Украина, Венгрия метавонанд аз чунин шиорҳо чун “баёни мавқеи сиёсӣ”-и худ дар навиштаҳояшон истифода кунанд”. Айни замон, як намояндаи ширкат таъкид кард, ки чунин навиштаҷот алайҳи шаҳрвандони алоҳида дар ин шабакаҳо роҳ дода намешавад.

Ҳамчунин дар Facebook ва Instagram ба паёмҳои даъват ба марги президенти Русия ва Белорусия иҷоза дода шуд. Дипломатҳои рус ин тасмими ширкати Meta-ро “амали ифротӣ” номиданд.

"Аз Ҳукумати Амрико талаб дорем, ки пеши роҳи фаъолияти ифротгароёнаи Meta-ро бигирад ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон чора андешанд,” изҳор доштаанд, намояндагони сафорати Русия дар Амрико дар шабакаи Телеграм.

Басташавии Instagram дар Русия дар ҳолест, ки аксари муҳоҷирони тоҷик ҳам дар ин шабакаи иҷтимоӣ фаъоланд ва аз ин роo аз хабарҳои кишвар огоҳ мешаванду аксу барномаҳои видеоӣ тамошо мекунанд. Ҳоло муҳоҷирони тоҷик ҳам мисли дигар шаҳрвандони Русия аз дастрасӣ ба Facebook маҳрум шудаанд.

Хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ аз мушакҳои русӣ осеби мағзӣ дид

Дар Украина ҳангоми ҳамлаҳои мушакӣ дар беруни шаҳри Киев Марян Кушнир, хабарнигори бахши Украинии Радиои Озодӣ осеби мағзӣ дид. Кушнир, ки бо артиши украинӣ қарор дошт, соатҳои 3-и шаби 11 март ҳангоми ҳамлаи мушаки русӣ осеб дид. Ҳодиса дар шаҳри Боришевка дар 35-километрии шаҳри Киев рух дод. Кушнир гуфт, ки дар ин ҳодиса чандин хисороти дигар ҳам рух дод, вале касе кушта нашуд. Ба ӯву дигар маҷрӯҳшудаҳо коргарони изтирорӣ ва табибони низомӣ ёрӣ расониданд. Кушнир аз соли 2015 бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад ва аз замони ҳуҷуми Русия ба Украина дар ҷабҳаи ҷанг қарор дорад. Русҳо, ки дар фикри таслим кардани Киев мебошанд, ҷангҳо дар атрофи пойтахти Украинаро вусъат мебахшанд. Виталий Кличко, раиси шаҳри Киев гуфт, ки аз замони оғози ҷангҳо 2 миллион нафар шаҳр ва атрофашро тарк кардаанд.

Шабакаҳои иҷтимоии русӣ дастрасӣ ба хабарҳои Радио Свободаро масдуд карданд

Ду шабакаи иҷтимоии маъруфи русӣ – “ВКонтакте” ва “Одноклассники” бо дархости идораи Роскомнадзор дастрасӣ ба маводи Радио Свобода – бахши русии Радиои Озодиро масдуд карданд. Ин иқдоми дигаре дар самти маҳдуд кардани дастрасии сокинони Русия ба хабарҳои ғайридавлатии бетараф ва санҷидашуда мебошад. Инчунин пойгоҳи Yandex.Zen, ки бахше аз шабакаи ҷустуҷӯии Yandex аст, ҳамчунин дастрасӣ ба маводи Радио Свободаро масдуд кард. Ширкатҳо гуфтанд, ки дархости Роскомнадзор бар пояи аризаи прокуратураи генералӣ сурат гирифтааст.

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина ҳукумат ду қонуне қабул кард, ки гузоришҳои мустақил дар бораи ҷангро манъ мекунад ва барои хабарҳои гӯё дурӯғ дар бораи ҷанг ба журналистон то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Роскомнадзор гуфтааст, ки матбуоти русӣ ҳақ дорад танҳо хабарҳои нашршуда аз ҷониби сохторҳои давлатиро чоп кунад. Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди ҳама гуна тадбирҳои режими Путин барои масдуд кардани мӯҳтавои вебсайти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, мо “бо истифода аз ҳама василаҳо ба корбаронамон дар Русия тамоми хабарҳои ростро фароҳам хоҳем кард”. ТВ “Настоящее время” ва РАО/РО талаби ҷорӣ кардани сензура дар пахши хабарҳоро рад карда гуфтаанд, ки тамоми гузоришҳои онҳо бар пояи далелҳои воқеӣ таҳия мешаванд.

Дар Жанаозени Қазоқистон сокинони бекор 40 рӯз аст, эътироз доранд

Рӯзи панҷшанбеи 10-уми март сокинони бекори шаҳри Жанаозени Қазоқистон 39-умин рӯзи эътирози худро давом доданд. Жанабой Нуъмонов, яке аз роҳбарони эътирозгарон гуфт, дар рӯзҳои охир теъдоди эътирозгарон пушти дари ҳукумати шаҳри Жанаозен афзудааст.

Нуъмонов гуфт, ба 150 ҷойи корие, ки ҳукумати маҳаллӣ пешниҳод карда буд, касоне ирсол шудаанд, ки вазъи бади молӣ доранд. Ҳамзамон эътирозгарон даҳҳо пешниҳоди ҷойи кориро ба далели кам будани музди меҳнат рад кардаанд.

Мақомот ба иловаи пешниҳоди ҷойи корӣ, бархе аз эътирозгаронро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мекунад. Ҳафтаи гузашта пулис 8 танро бо айби "иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кард.

Пештар аз ин ҳукумати Жанаозен эътироф кард, ки дар шаҳр 10-11 ҳазор сокин бекор аст. Эътирозгарон аз рӯзи 31-уми январ ба ин тараф пушти дари ҳукумати шаҳр бо талаби ҷойи корӣ дар ширкатҳои нафткаш ҷамъ мешаванд.

Навалний аз русҳо хост, ки ба намоиши эътирозии зидди ҷанг алайҳи Украина баланд шаванд

Сиёсатмадори зиндонии Русия Алексей Навалний аз мардуми кишвараш хост, ки рӯзҳои истироҳат зидди ҷанг дар Украина ва ҳуҷуми бесабаби Русия ба хоки ин кишвар намоиши эътирозӣ ташкил кунанд. Навалний дар даъваташ хост, ки мардум алайҳи мошини “таблиғотӣ”-и сохтаи президент Владимир Путин раҳпаймоӣ кунанд. Дар изҳороти рӯзи 11 март дар Инстаграм нашршудааш шадидтарин мунаққиди Кремл мардумро даъват кард, ки тарсу ҳаросро канор гузошта ба хиёбонҳо бароянд. Ӯ гуфтааст, “пеши роҳи марди девона Путинро ҳамин мардум гирифта метавонад, агар ҳамин ҳоло мухолифаташро ба ҷанг намоиш диҳад”.

Русия дар як ҳуҷуми бесабабе рӯзи 24-уми феврал ба хоки Украина ворид шуд ва инро азимтарин ҳамла алайҳи як давлати аврупоӣ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон меноманд.

Путин иҷоза дод, ки хориҷиҳо дар сафи ҷудоиталабони украинӣ биҷанганд

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11 март гуфт, ки хориҷиҳо бояд барои ширкат дар ҷанги алайҳи Украина роҳ дода шванд ва ҳам барои ба дасти ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Маскав дар шарқи Украина гузаштани системаҳои ғарбии мушакӣ иҷоза дод. Путин дар посух ба изҳороти вазири дифоъ Сергей Шойгу дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки гуфт, 16 ҳазор “ихтиёриён” аз Ховари Миёна омода ҳастанд аз ҷониби Русия биҷанганд, гуфт, ки бо роҳ додани хориҷиҳо ба сафи нирӯҳои Русия розӣ аст. “Агар шумо бинед, ки мардуме мехоҳад аз роҳи ихтиёрӣ ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина кӯмак кунанд, пас барои ба майдони ҷанг роҳ ёфтани онҳо ёрӣ расонед”. Путин инчунин бо пешниҳоди Шойгу розӣ шуд, ки гуфт, системаҳои ғасбшудаи зиддитонкии мушакии мисли “Ҷавелин” ва “Стингер”, ки сохтаи ИМА мебошанд, ба ҷангиён дар шарқи Украина дода шаванд.

Аломатҳои тавсеаёбии ҷангҳо дар Украина. ВИДЕО

Вазорати дифои Русия гуфт, ки нирӯҳояш ду пойгоҳи ҳавоии низомии Украинаро дар шаҳрҳои Лутск ва Ивано-Франковск хароб ва ғайри қобили истифода гардониданд. Ба назар мерасад, ки ҷанги се ҳафта пеш шурӯъкардаи Русия дар хоки Украина тавсеа меёбад ва хатари ба як бӯҳрони ҷиддии башарӣ табдил шудани вазъ хеле зиёд аст. Хабаргузориҳои давлатии русӣ аз қавли сухангӯи вазорати дифои ин кишвар Игор Конашенков гуфтанд, ки аз замони шурӯи ҷанг дар таърихи 24-уми феврал, ки русҳо онро “амалиёти вижаи низомӣ” меноманд, 3213 муассиса ё сохтори низомии украинӣ хароб карда шуд. Санҷидани дурустии иддаоҳои намояндаи мақомоти Русия феълан имкон надорад, вале мақомоти маҳаллӣ дар Лутск ва Ивано-Франковск аз таркиши бомбаҳо дар наздикиҳои ду фурдгоҳи ин шаҳрҳо хабар доданд. Таркишҳо дар қаламравҳои ғарбии Украина сабт шуданд ва баёнгари тағйирёбии самти ҳамлаҳо мебошанд.

Мушовири вазири умури дохилии Украина Антон Ҳерашенко гуфт, ки рӯзи 11 март дар натиҷаи се ҳамлаи ҳавоӣ ба шаҳрҳои шарқии саноатии Днипро, дастикам як нафар кушта шуд.

Аксҳои нави маҳвораӣ нишон медиҳанд, ки корвони 64-километрии низомӣ дар беруни шаҳри Киев ба шаҳру ҷангалҳои атроф парешон шуда, гаубитсаҳои дар даромадҳои пойтахти Украина сангаргирифта зоҳиран барои ҳуҷум ба Киев омода мешаванд. Айни замон, ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Украина дар гузорише навишт, ки артиши Русия аз самти шимолуғарб ва шарқ ҳаракат карда, дар қаламрави Чернигов ба ақиб зада шуд, чун ҷангиёни украинӣ назорат бар Бакланова Муравийкаро ба даст оварданд.

Ба мардуми Русия дар бораи ҷанг чӣ мегӯянд?
  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Феълан кор намекунад

Украина дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Чин дар мақоми дуюм аст

Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ, ки дар Пекин ҷараён дорад, баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот мунтахаби Украина бо касби 22 медал (7 тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти ҳам сифати медалҳо ваҳам теъдоди онҳо дар ҷойи дуюм аст.

Мунтахаби Чин бо касби 44 медал (12 тилло, 14 нуқра ва 18 биринҷӣ) мисли пешин мақоми аввалро азони худ кардааст. Мунтахаби Канада бо касби 19 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Фаронса (6 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (4 тилло, 10 нуқра ва 3 биринҷӣ), Австрия (4 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ), Ҷопон (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ), Норвегия (3 тилло ва 2 нуқра), Словакия (3 тилло ва 1 биринҷӣ) ва Олмон (2 тилло, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ) қарор доранд.

Ба ғайр аз Украина, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 17-умро касб кардааст.

Ҳамин тариқ, дар шаш рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 19 кишвар соҳибони медалҳо шудаанд, аз он ҷумла намояндагони 15 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ (IPC) ба далели фишори намояндагони кишварҳои дигари ширкаткунандаи мусобиқот дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дархости варзишгарони Русия ва Беларусро барои ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2022 дар Пекин рад кард.

Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин то рӯзи 13-уми март идома хоҳанд кард. Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил аст: лижаронии кӯҳӣ, биатлон, пойгаи лижаронӣ, ҳоккей дар чана, сноуборд ва кёрлинг дар аробачаи маъюбон. Дар маҷмӯъ, 564 варзишгари маълул аз 46 кишвар барои 78 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎